РИСОЛАТИ ЗАН-МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ШОИСТАИ ФАРЗАНДОН ВА РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТИВУ ХЕШТАНШИНОСӢ

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон!
Офаридгори замину осмонро шукргузорӣ мекунем, ки моро ба баҳори нав расонид. Худо кунад, ки ин баҳор барои ҳар яки мо фасли пурбаракат ва файзбор бошад. Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат − ҷашни фархундаи Рӯзи Модар фаро мерасад. Чунки Модар меҳрубон ва фидокор аст, баҳор низ фасли бедоршавии табиат, шукуфтанҳою созандагиҳост. Модар барои ҳар кас маҳбубтарин шахс аст. Дар ҳадис гуфта мешавад «Ҷаннат, ки умеди мо дар он аст, дар зери қудуми модарон аст».
Модар ягона шахсест, ки агар зарур бошад, баҳри наҷоти фарзанд бе фикру андеша худро фидо мекунад. Модар, гавҳараки чашм ва дурри гаронмоя, сабабгори ба ҳаёт омадани мост. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддиву маънавӣ моро бархӯрдор ва комгор гардонидааст. Дар роҳи тарбияи фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳое, ки накашидааст.
Падару модар дар ранҷурии фарзанд ранҷуранд ва аз хурсандии фарзанди хеш болидахотиранд. То ба камолот расидани фарзанд чӣ ранҷу машаққатҳо мекашанд, ожангҳо дар чеҳраи зебои онҳо пайдо мешавад, қомати сарву алифсони онҳо камонсифат мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд. Аз ин рӯ, бар фарзандон фарзу воҷиб аст, ки волидайнро эҳтиром ва икром намоянд.
«Бандае, ки аз волидайн ва Парвардигораш итоат ва фармонбардорӣ кунад, дар болотарин дараҷаи биҳишт қарор дорад» («Канз-ул-уммол», ҳадиси 45480).
Ривоят аст, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷӯи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хӯрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост ва дуои модар Увайсро мустаҷобудуо кард ва ҳар дуое, ки мекард, Парвардигор мустаҷоб менамуд.
Дар ин маврид Паёмбар (с) фармудаанд: «Дуои се тоифа ба даргоҳи Худованд мустаҷоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар».
Модар сабаби ба ҳаёт омадан, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба шахсияти модар арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар хидмати ў ҳастанд. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек монанд мебошад.
Бар хилофи бисёре аз андешаҳо ва ақидаҳои нодуруст, ки занро аз назари каромати вуҷудӣ аз мардон поёнтар медонанд, дини мубини Ислом дар ин замина ҳарду ҷинсро дар як сатҳ қарор дода, бо як хитоб ба онҳо муроҷиат намудааст: «Ва мардону занони мӯъмин корсози якдигаранд, ба кори писандида мефармоянд ва аз кори нописандида боз медоранд …» (Сураи Тавба, ояти 71). Дини мубини Ислом барои занон низ ҳуқуқи таҳсил, кор ва тиҷоратро додааст. Дар кишвари мо низ ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Имрӯз занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз паёмҳои худ ба масъалаи бузургдошти мақоми занону бонувон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, чунин фармуданд:
«Зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.
Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.
Дар яке аз Паёмҳои зиндагисози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Мо ба қаноатмандӣ изҳор медорем, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем».
Ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баробар қарор додани занону мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, илму маориф, тандурустӣ, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ карда мешавад. Зеро зан-модари тоҷик дурри гаронбаҳоест, ки агар суфта шавад, гавҳари ноёб мегардад».
Тавре болотар ишора намудем, аз лиҳози каромати инсонӣ мардону занон дорои ҳуқуқҳои баробар ва яксонанд. Аммо маълум аст, ки аз лиҳози ҷисмонӣ ва иқтидори физикӣ мардҳо аз бартариятҳо бархурдоранд ва аз ҳамин ҷиҳат масъул ва сарпарасти занону модарон ба ҳисоб мераванд. Аз ин хотир, мардонро мебояд масъулияти пуршарафи сарпарастии худро ба ваҷҳи аҳсан ва дар беҳтарин сурат адо намоянд. Махсусан дар масъалаи таъминоти шоистаи занону модарон ва дигар аъзои оила, ғамхорӣ нисбат ба онҳо, роҳ надодан ба ҳар гуна хушунат бояд таваҷҷуҳи лозимӣ зоҳир карда шавад. Ба хотири насли солим ва ояндаи дурахшони фарзандону пайвандон бояд ба масъалаи саломатии модарон диққати ҷиддӣ дода шавад. Мардон дар ҳолатҳои зарурӣ барои гузаронидани бонувону модарон аз муоинаи тиббӣ бояд худашон ташаббускор бошанд. Зеро пешгирӣ аз ҳама гуна табобат хубтару арзонтар аст.
Дар баробари фазилати мақоми падару модар, дар назди онҳо вазифаи пурмасъулият низ истодааст. Ин тарбияи шоистаи фарзандон аст. Шариат аз онҳо сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайвастаро ҷиҳати тарбияи солими фарзандон тақозо дорад. Мутаассифона, баъзе падару модарон ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир накарда, ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, ки оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс ки пушаймонӣ суде надорад.
Дар тарбияи шоистаи фарзандон мо ҳаргиз бояд бетараф набошем! Нагузорем, ки фарзандони мо хурофотпараст ва ифротгаро шаванд, нагузорем, ки шахсони тасодуфӣ ба мафкураи фарзандони мо ақидаҳои экстремистиро ҷойгир намуда, онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.
Бинобар ин, падару модарон барои ҳифзи фарзандон аз хурофоту ҷаҳолат бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.
Зеро душманони миллат, хусусан ҳизби террористии наҳзат аз ғафлати мову шумо моҳирона истифода бурда, фарзандонамонро ба сӯи хурофоту ифротгароӣ мекашанд. Оқибатҳои талхи чунин ғафлатро як маротиба халқи тоҷик чашида буд, ки то абад барои мову шумо дарс аст.
Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо бояд ба қадри неъмати бебеаҳои Худованд – амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз ҳарис бошем, зеро дӯст доштани ватан, ҳимояи марзу буми Ватан фарз аст. Мо аз тоҷик будани худ ифтихор дорем ва бо ҷону дил истиқлоли Ватани азизро ҳифз менамоем!
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар