Баробарҳуқуқии марду зан дар таълимоти Имоми Аъзам

Пеш аз сухан гуфтан дар бораи ҳаводиси муҳими таърихӣ ба мавқеи зан дар ҷоҳилияти пеш аз Ислом ишора намоям, дар байни мо шоеъ гаштааст, ки зан дар замони ҷоҳилият ҳамчун молу матоъ барои мард ҳисоб мешуд ва дучори анвои гуногуни зулму истибдод буд, то ин ки дини ислом онро аз байн бурд. Бо вуҷуди ин ки ахбор дар бораи мартабаи бемаконатии зан дар замони ҷоҳилият ба мо расидааст, хабарҳое, ки аз зинда ба гӯр кардани духтарон ва интиқоли мероси зан аз падар ба писар аз тариқи мерос дарак медиҳад, бисёртар шоеъ шудааст. Дар ҳақиқат, муаррихини бузург ва ровиёни қадим аз маҷду азамати он таснифоти зиёде намудаанд. Он чизе ки анҷом доданием, ин ихтиёр намудани баъзе ривоятҳо дар бораи маконати зан ва модар дар ислом аст, ки дар ин бора таълифоти зиёде омадааст.
Дини Ислом бо таълимот ва тарбияе ба сӯи башарият омад, ки дар бархе аз ин талимот икром ва эҳтироми зан дида мешавад ва ҷойгоҳашро боло ва бузургвор ва маҳфуз медорад. Баъзе аз ҳуқуқҳои занро аз далелҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) зикр мекунем:
1. Арзиши амали зан (амали солеҳ). Ҳар касе ки китоби Худоро мутолаъа кунад, ин масъаларо пай мебарад, ки аъмоли зан, аз ҷумла намоз, закот, рӯза ва ҳаҷ назди Худованд мушаххас дорои аҷр ва подош аст, агарчи андак ҳам бошад. Худованд дар сураи «Нисо», ояи 124 чунин фармудааст:
«Касе ки аъмоли шоиста анҷом диҳад, хоҳ мард, бошад хоҳ зан, дар ҳоле ки мӯъмин бошад, пас онҳо дохили ҷаннат мешаванд ва камтарин ситам бар онон нашавад».
Ва дар ҳадисе, ки Аҳмад ва Табаронӣ онро ривоят кардаанд, омадааст, ки Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Ҳар гоҳ зан намозҳои воҷиби рӯзонаашро бихонад ва рӯзаи моҳи рамазонро бигирад ва номус ва покиашро нигоҳ дорад ва низ аз ҳамсараш итоъат кунад, аз ҳар даре хоҳад, вориди биҳишт шавад».
Ҳуқуқи занро Худованд ва расулаш барои каме ибодаташ, ки дар оят ва ҳадис зикр кардем, ба ихтиёраш гузоштааст, то аз кадом дарвозаи ҷаннат хоҳад, ба он дарояд.
2. Ҳамаи мову шумо медонем, ки Худованд як сураи қуръонии худро ба номи занҳо фиристод, яъне сураи «Нисо», ки ин ҳам як марҳамати Худованд аст барои занон.
3. Муошират ва рафтори неку: Оини Ислом бар ҳар марде, ки бархӯрд ва муоширати некуро бо ҳамсараш воҷиб карда, ӯро бо забонаш ё афъолаш наранҷонад ва ба ӯ зулм накунад, бо чашми ҳақорат ба ӯ нанигарад з-ин рӯ ба мард воҷиб гардидааст, то ҳар гоҳ Худованд духтаре ба ӯ бахшад, бо ҳар дуи онҳо бо некӣ рафтор кунад. Худованд дар сураи «Нисо», ояти 19 чунин фармудааст:
«Ва бо занони худ ба таври шоиста дар гуфтор ва рафтор муошират кунед».
Дар ҳадисе, ки Тирмизӣ ва Ибни Ҳиббон аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд, омадааст, ки Паёмбар (с) фармудаанд:
«Мӯъминтарин мусулмон боахлоқтарини онҳост ва беҳтарини шумо касе аст, ки бо ҳамсараш некӯӣ дошта бошад».
4. Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Абӯдовуд ва Ҳоким онро аз ибни Аббос (р) ривоят кардаанд, омадааст, ки Паёмбар (с) фармудаанд:
«Касе, ки дорои духтаре бошад ва онро зинда ба гӯр ва таҳқир накунад ва писаронашро бар ӯ бартарӣ ва тарҷеҳ надиҳад, Худованд ӯро вориди биҳишт мегардонад».
Гуфтан мумкин аст, ки мард вақте духтаронаш ва писаронашро баробар ҳисобад, бешак, дохили ҷаннат мешавад.
5. Воҷиб будани ҳуқуқи зан ва духтарон бар болои мард.
Шариати ислом ҳуқуқи занро бар мард воҷиб карда ва низ ҳуқуқи духтаронашро то замони издивоҷашон мебошад. Нафақа иборат аз заруриёти зиндагӣ буда, мисли хурданиҳо ва пӯшиданиҳо ва маскан аст.
Худованд дар сураи «Талоқ, ояти 7 чунин мефармояд:
«Ононе ки доро ҳастанд, аз дороии худ харҷ кунанд ва ононе ки тангдастанд, аз ончи ки Худо ба онҳо додааст, харҷ кунанд. Худованд ҳеҷ касро ҷуз ба он андоза, ки ба ӯ додаст, мукалаф намесозад. Худованд баъд аз ҳар сахтӣ кушоиш меоварад».
Яъне фаҳмидан мумкин аст, нафақаи зан бар болои мард воҷиб мебошад.
6. Дахолати зан дар издивоҷ.
Ва аз масоиле, ки шариати ислом барои зан муқаррар кардааст, дахолати худи вай дар амри издивоҷаш дар натиҷаи рад ва қабул ҳақи духтар ин аст, ки волии духтар бо ӯ машварат кунад ва назари ӯро бинад. Агар сукут кунад, ҳеҷ чиз нагӯяд, ин ризояти духтар аст, чаро ки духтарон шарм мекунанд. Аммо дар мавриди занони соиба лозим аст, ки қабул ё ради онро сароҳатан бар забон биёваранд, чаро ки вай як бор зиндагиро дидааст. Дар ҳадисе, ки Имом Молик ривоят кардаанд омадааст, ки Паёмбар (с) фармудаанд:
Занони сайибаро бештар аз волӣ ва сарпарасти худ бар худашон ҳақ доранд. Аммо бояд аз духтарон иҷоза гирифта шавад ва иҷозаи духтарон сукути онҳост.
6. Ҳаққи зан дар мерос.
Худованд ҳаққи собитеро дар ирс барои зан қарор додаст. Дар оёти ирс, сураи «Нисо», ояти 11 ин ҳақро баён фармуда, чунин тавзеҳ додаанд:
«Худованд дар бораи мерос бурдани фарзандонатон ба шумо фармон медиҳад ва ба шумо воҷиб мегардонад, ки агар аз дунё фавтидед.
Баҳраи як мард ба андозаи ду зан аст. Агар фарзандонатон ҳама духтар буданд ва ададашон аз ду зиёд бошад аз се ду қисми тарака насибашон мебошад. Агар вориса танҳо як духтар бошад, нисфи тарака аз они ӯст».
Дар вақти пеш аз ислом бечора зан аз ҳамаи ин ҳуқуқҳо маҳрум буда ва дини Ислом ҳуқуқи занҳоро дар бар гирифтааст.
Дар ҳақиқат, ки модар зан аст, ҳаққи модар аз падар се маротиба зиёдтар аст.
Дар ҳадисе, ки Бухорӣ ва Муслим онро аз Абўҳурайра ривоят кардаанд, омадааст:
Марде назди Паёмбар (с) омада ва гуфт: «Ё Расулоллоҳ чӣ касе ҳақи ҳусни муошират бештареро бар инсон дорад?» Паёмбар (с) фармуданд: «Модарат». Гуфт: «Баъд аз ӯ?» Фармуданд: «Модарат». Гуфт: «Ва баъд аз ӯ?» Фармуданд: «Модарат». Гуфт: «Баъд аз ӯ?» Фармуданд: «Падарат».
Мо бояд таълимоти Имоми Аъзамро сармашқи зиндагии худ қарор диҳем, зеро зан-модар дар тамоми динҳо ва мазҳабҳо, фирқаву равияҳо офарандаи ҳаёт, равшанибахши зиндагӣ ва шахси муқаддастарин ва нотакрор барои ҳар як фард мебошад.
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар