Савол № 01112

Домуллои азиз, мазмун ва тарҷумаи дуоҳои зайлро мегуфтед: الحمد لله بجميع محامده كلها ما علمت منها وما لم أعلم عدد خلقه كلهم ما علمت منهم وما لم اعلم الحمدلله حمداً يوافي نعمه ويكافيء مزيده

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Домуллои азиз, мазмун ва тарҷумаи дуоҳои зайлро мегуфтед:

الحمد لله بجميع محامده كلها ما علمت منها وما لم أعلم عدد خلقه كلهم ما علمت منهم وما لم اعلم

الحمدلله حمداً يوافي نعمه ويكافيء مزيده

Қаблан сипосгузорам ва чун ҳарвақта муҳтоҷи дуои неки шумоён ҳастам.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тарҷумаи дуоҳои мазкур чунин аст: Худовандро бо тамоми хубиҳояш ҳамду сано мегӯям, он чи аз ин хубиҳо медонам ва он чи намедонам, ба адади ҳамаи махлуқоташ, он чи аз инҳо медонам ва он чи намедонам. Худовандро чунон ҳамду сано мегӯям, ки неъматҳояшро фаро гирад ва ба карами ӯ баробар бошад.Худованд ба шумо тавфиқи аъмоли нек насиб гардонад.

2017-05-08
2669
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39