Савол № 01176

Оё хатми Қуръон фармудан ҷоиз аст? Яъне дар моҳи Рамазон пораҳои Қуръонро ба хонандагон тақсим мекунанд ва шаби ифтор ин хатмро ба гузаштагон мебахшанд.

Савол:

Ассалому алайкум. Оё хатми Қуръон фармудан ҷоиз аст? Яъне дар моҳи Рамазон пораҳои Қуръонро ба хонандагон тақсим мекунанд ва шаби ифтор ин хатмро ба гузаштагон мебахшанд. Оё ба хонандагони ин хатм маблағ додан ҷоиз аст?

Саволдиҳанда: Мансур

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хатм фармудан дар Рамазон ва ҳар вақти дигар ҷоиз аст, чизе додан низ ҷоиз аст, зеро як навъ некӣ ва эҳсон мебошад, ба шарте ки дар ин амал тамаъ набошад. Вале агар хатм ба иҷора бошад, дуруст нест, яъне шахсе гӯяд, ки барои ман ба ивази ин миқдор маблағ Қуръонро хатм кунед, ё қорӣ гӯяд, ки барои гузаштагони ту ба ивази ин миқдор маблағ хатми Қуръон мекунам, дар ин сурат хатм дуруст намешавад. 

2017-06-01
2900
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:31
Шом17:28
Хуфтан18:58