Савол № 01212

Назари Ислом дар бораи занон ва духтарони кӯчанишин чист? Мақсадам ин аст, ки баъзе занон ва духтарони ҷавон дар кӯча беҳуда менишинанд.

Савол:

Ассалому алайкум. Назари Ислом дар бораи занон ва духтарони кӯчанишин чист? Мақсадам ин аст, ки баъзе занон ва духтарони ҷавон дар кӯча беҳуда менишинанд. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед.

Саволдиҳанда: Давлатшоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бидуни зарурат ва беҳуда нишастани зан дар кӯча ҳаром аст, чунки боиси зоеъ шудани вақти гаронбаҳо ва аз даст додани лаҳзаҳои пурқимати умр мегардад. Вазифаи зан ин аст, ки вақти худро дар хидмати шавҳар ва тарбияи фарзанд сарф кунад, хусусан ҷавондухтарон бояд вақти худро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар гузаронанд, то дар оянда саодати дорайнро ба даст оваранд.   

2017-06-08
2643
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39