Савол № 01264

Домуллои муҳтарам, дар аснои азон ё вақти макрӯҳ таҳияти масҷид дуруст нест, пас аз гуфта шудани азон ё пас аз гузаштани вақти макрӯҳ таҳияти масҷид гузорем? Яъне метавонем пас аз як муддат нишастан гузоридани таҳияти масчид дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, дар аснои азон ё вақти макрӯҳ таҳияти масҷид дуруст нест, пас аз гуфта шудани азон ё пас аз гузаштани вақти макрӯҳ таҳияти масҷид гузорем? Яъне метавонем пас аз як муддат нишастан гузоридани таҳияти масчид дуруст аст? Чунки баъд аз азон даҳ дақиқа дар ихтиёр дорем, ки ҳам барои таҳияти масҷид ва ҳам барои адои чаҳор ракъат суннати пешин басанда аст. Банда ҳамеша муҳтоҷи дуои неки шумоён мебошад.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ гузоридани намози таҳияти масҷид пас аз нишастан ҳам дуруст аст, агар вақт гунҷоиш диҳад ва фурсат бошад, метавонед аввал намози таҳияти масҷид, сипас суннати пешинро гузоред, агар вақт танг бошад, дар зимни гузоридани суннат таҳияти масҷид низ ба ҷо меояд.   

2017-06-15
3341
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:27
Шом17:24
Хуфтан18:54