Савол № 01270

Сабаби манъ шудани гӯшти хук ва шаробро мегуфтед.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Сабаби манъ шудани гӯшти хук ва шаробро мегуфтед.

Саволдиҳанда: Соҳиб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аҳкоми шаръӣ ҳама тавқифӣ ҳастанд, Худованд ҳаким аст ва ҳар як кори ӯ ҳикматҳои фаровон дорад, ки мо аз ҳақиқати он огоҳ нестем. Тибқи гуфтаи донишмандон яке аз ҳикматҳои ҳаром будани гӯшти хук ин аст, ки дар таркиби он моддае вуҷуд дорад, ки пас аз истеъмоли гӯшт аз бадани инсон хориҷ намешавад ва ба саломатӣ зарар дорад. Ҳикмати ҳаром шудани шароб ин аст, ки истеъмоли он ақли инсонро аз фаъолият бозмедорад ва дар ин ҳолат инсон ба ҳар гуна ҷиноят даст мезанад.

2017-06-15
5166
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42