Савол № 01321

Номи Абдурабӣ чӣ маъно дорад? Оё ин номро ба фарзанд гузоштан дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Номи Абдурабӣ чӣ маъно дорад? Оё ин номро ба фарзанд гузоштан дуруст аст? Миннатдорам.

Саволдиҳанда: Султон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шакли дурусти ин ном Абдурраб аст ва онро ба сурати Абдурабӣ навиштан ва ё талаффуз кардан хато аст, агарчи дар забони мардум ба ҳамин шакл роиҷ шудааст. Номи Абдурраб аз ду калимаи “абд” ва “Раб” иборат буда, маънои он бандаи Парвардигор мебошад. Номи зебанда ва муносиб аст ва гузоштани ин ном ба фарзанд шоиста ва муносиб мебошад. 

2017-07-01
3439
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39