Савол № 01398

Мехоҳам фаҳмам, ки дӯст доштан дар Ислом ҷоиз аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Мехоҳам фаҳмам, ки дӯст доштан дар Ислом ҷоиз аст ё на?

Саволдиҳанда: Аминҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар манзури шумо аз ин дӯст доштан ошиқӣ ва муносибати номашруъ бо номаҳрам бошад, пас бешубҳа аз нигоҳи дини Ислом ин амали ҳаром аст. Шариат барои баровардани ниёзҳои фитрии инсон никоҳ ва издивоҷро муқаррар  намудааст,  ки  ӯро ҳам аз ваҳшати танҳоӣ раҳо месозад ва ҳам аз ҳар гуна беиффатӣ, тардоманӣ ва лаззатҷӯиҳои номашруъ нигаҳ медорад. Дар таҷрибаи зиндагӣ мебинем, ки ҳар ҷавоне пеш аз издивоҷ ба роҳи ҳаром ва фисқу фуҷур меравад, дар зиндагии оянда ва тарбияти фарзандони худ ноком мегардад. Аз нигоҳи дини Ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ бо ҳамсари худ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан ва фарзандони солеҳу солим тарбият кардан аст. 

2017-08-26
3397
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:31
Шом17:28
Хуфтан18:58