Савол № 00150

Оё ман метавонам, ки вақти шом аввал намози шомро хонда, баъд рӯзаамро кушоям

Савол:

Аввалан салому дуруди маробипазиред! Баъдан ҳамаи шуморо дар ин моҳи мубораки шарифи Рамазон табрик мегўям! Оё ман метавонам, ки вақти шом аввал намози шомро хонда, баъд рӯзаамро кушоям?

Саволдиҳанда:Ҷамшед.

Ҷавоб:

Вақти ифтор пеш аз хондани намози шом аст ва фазилат дорад. Аз Анас ибни Молик (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «Расулуллоҳ (с) қабл аз хондани намоз ифтор менамуд». (Ривояти Тирмизӣ). Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳамеша мардум ба хайр ҳастанд, модоме ки дар ифтор шитоб намоянд». (Муттафақун алайҳ).

2015-07-02
4794
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44