Савол № 01547

Ман зино кардам ва пушаймонам. Оё никоҳи ман бурида шудааст? Мехостам муфассалтар ҷавоб диҳед.

Савол:

Ассалому алайкум. Ман зино кардам ва пушаймонам. Оё никоҳи ман бурида шудааст? Мехостам муфассалтар ҷавоб диҳед. Ташаккур.

Саволдиҳанда: Саид

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бо анҷом додани зино никоҳ аз байн намеравад, чунки аз дидгоҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ба сабаби иртикоби гуноҳи кабира инсон кофир намешавад. Вале бояд донист, ки зино гуноҳи кабира аст ва паёмади ногувор дорад. Чунки дунё ба мисли кӯҳ аст ва амали мо дар он ба монанди садо. ҳар кас дар ин дунё амале анҷом дод, хоҳ нек ва хоҳ бад, натиҷаи онро хоҳад дид. Шумо ба даргоҳи Худо сидқан тавба кунед ва амалҳои нек бисёр анҷом диҳед, умед аст, ки Худованд гуноҳатонро бибахшад.

2017-12-04
3387
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39