Савол № 01579

Шумо дар посухи суол гуфтаед, ки бо анҷом додани зино никоҳ аз байн намеравад, аммо ман шунидам, ки касе оиладор бошаду зино кунад, никоҳаш бурида мешавад. Кадоме аз ин ду саҳеҳ аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Шумо дар посухи суол гуфтаед, ки бо анҷом додани зино никоҳ аз байн намеравад, аммо ман шунидам, ки касе оиладор бошаду зино кунад, никоҳаш бурида мешавад. Кадоме аз ин ду саҳеҳ аст?

Саволдиҳанда: Сомон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат мусулмон ба сабаби анҷом додани гуноҳи кабира аз имон хориҷ намешавад. Бинобар ин, агар касе зино кунад, аз имон хориҷ намешавад ва никоҳаш аз байн намеравад, вале барои анҷом додани ин амали қабеҳ сахт гунаҳгор шуда, мавриди уқубат ва муҷозот қарор мегирад. 

2017-12-27
3185
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39