Савол № 01616

Мусалмон кист ва мӯъмин кист? Мартабаи кадом яки инҳо болотар аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Мусалмон кист ва мӯъмин кист? Мартабаи кадом яки инҳо болотар аст?

Саволдиҳанда: Муҳаммад

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи луғат байни имон ва ислом фарқ вуҷуд дорад, зеро имон ба маънои гаравидан ва тасдиқ доштан, ислом ба маънои итоат ва таслим шудан аст. Аммо аз нигоҳи шариат мӯъмин ва мусулмон яке аст, яъне мӯъмин ҳамон мусулмон аст ва мусулмон ҳамон мӯъмин, зеро Худованд дар оятҳои 34-35-уми сураи “Зориёт” як қавмро ҳам мӯъмин ва ҳам мусулмон номидааст, бинобар ин, мӯъмин ва мусаламон яке ҳастанд.

2018-01-26
5384
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:17
Пешин12:40
Аср18:00
Шом20:01
Хуфтан21:31