Савол № 02018

Маънои номҳои Зулфиқор, Муҳаммадмурод ва Солеҳ чист?

Савол:

Маънои номҳои Зулфиқор, Муҳаммадмурод ва Солеҳ чист?

Саволдиҳанда: Бобоҷон

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, тарзи дурусти номи Зулфиқор дар асл Зулфақор аст ва он аз ду ҷузъи “зў” ба маънои соҳиб ва “фақор” ба маънои сутунмуҳра иборат мебошад. Калимаи Зулфақор дар асл номи шамшери ҳазрати Алӣ (р) аст, вале дар урфи мардуми тоҷик ҳамчун номи мардона шинохта шудааст. Номи Муҳаммадмурод низ аз ду ҷузъ иборат аст. Муҳаммад ба маънои бисёр ситудашуда ва мурод ба маънои орзу ва мақсуд меояд. Номи Солеҳ ба маънои некўкор, покдоман, некўсират ва порсо меояд.

2019-03-06
2835
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39