Савол № 02192

Хоб дидам, ки мурдам ва маро дар лаҳад монда, ба рӯям хокпартоиро шуруъ карданд. Ман калимаи “Астағфируллоҳ” гуфтанро оғоз кардам ва Аллоҳ маро ҷони дубора доду нидо шуд, ки аз лаҳад берунаш кунед, то зикрашро идома диҳад. Ин хоби ман чӣ таъбире дорад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоб дидам, ки мурдам ва маро дар лаҳад монда, ба рӯям хокпартоиро шуруъ карданд. Ман калимаи “Астағфируллоҳ” гуфтанро оғоз кардам ва Аллоҳ маро ҷони дубора доду нидо шуд, ки аз лаҳад берунаш кунед, то зикрашро идома диҳад. Ин хоби ман чӣ таъбире дорад?

Саволдиҳанда: Раҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, хоби шумо хайр аст, аз он ошуфтахотир нашавед. Ҳамеша ба забону қалбатон зикри Худовандро гўед, зеро дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Мисоли касе, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва касе, ки Ўро ёд намекунад, монанди зинда ва мурда аст”. Аз ин рў, шумо ҳамеша бо ёди Худо бошед, хайру баракати зиёд насибатон хоҳад шуд.

2019-06-03
2891
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39