Савол № 02530

Агар фикрҳои бади ғайри ихтиёрӣ нисбати дину диёнат инсонро фаро гирад, ба тавре ки ба забон овардани он фикрҳоро раво нашуморад, дар ин сурат оё ў гунаҳгор мешавад? Як дўсти ман аз ин ҳолат ранҷ мебарад.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Агар фикрҳои бади ғайри ихтиёрӣ нисбати дину диёнат инсонро фаро гирад, ба тавре ки ба забон овардани он фикрҳоро раво нашуморад, дар ин сурат оё ў гунаҳгор мешавад? Як дўсти ман аз ин ҳолат ранҷ мебарад.

Саволдиҳанда:Фирдавс

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин чизе, ки шумо баён кардед, васвасаи нафсу шайтон аст, ки дар ҳама кас вуҷуд дорад ва модоме ки шахс онро ба забон наорад ё ба мазмуни он амал накунад, гуноҳе бар ў нахоҳад буд. Дар ривоятҳо зикр шудааст, ки ҳатто саҳобагони Пайғамбари гиромӣ (с) низ аз ин амр ба он Ҳазрат (с) шикоят карданд. Расули акрам (с) дар посух фармуданд, ки он имони сареҳ аст, зеро имони мусулмон намегузорад, ки он фикри бадро ба забон биёрад. 

2021-04-08
1925
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43