Савол № 02543

Дар моҳи шарифи Рамазон ҳомила шудани зан ягон зиён дорад? Одоби ҳамхобагӣ дар ин моҳ чӣ гуна аст? Баъзеҳо ақида доранд, ки гўё зан даҳ рўз пеш аз ин моҳи муборак ҳомила шуда бошад, ба кўдаки оянда зарар дорад. Оё ин ақида дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар моҳи шарифи Рамазон ҳомила шудани зан ягон зиён дорад? Одоби ҳамхобагӣ дар ин моҳ чӣ гуна аст? Баъзеҳо ақида доранд, ки гўё зан даҳ рўз пеш аз ин моҳи муборак ҳомила шуда бошад, ба кўдаки оянда зарар дорад. Оё ин ақида дуруст аст?

Саволдиҳанда: Осим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳомила шудани зан дар ин моҳи муборак ягон зиёне надорад. Ин ақида, ки ҳомила шудани зан даҳ рўз пеш аз ин моҳи муборак ба кўдак зарар дошта бошад, нодуруст аст ва ҳеҷ далели шаръӣ надорад. Дар шабҳои моҳи муборак ҳамхоба шудан бо ҳамсар раво аст, вале пас аз дамидани субҳ ин амал ҳаром буда, рўзаро мешиканад ва ба сабаби он каффорат лозим мегардад.

2021-04-22
2160
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39