Савол № 02595

Қариб як ҳафта мешавад, ки аз Тоҷикистон ба Русия барои кор омадам. Мо каме қарздор ҳастем. Падарам бо як зани шавҳардор робита пайдо кардааст. Ман ба хотири Аллоҳ волидонамро эҳтиром мекунам. Аммо падарам пулҳояшро бо он бероҳа сарф мекунад. Мегуфтед, ки ҳукми ин ҳарду чист?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Қариб як ҳафта мешавад, ки аз Тоҷикистон ба Русия барои кор омадам. Мо каме қарздор ҳастем. Падарам бо як зани шавҳардор робита пайдо кардааст. Ман ба хотири Аллоҳ волидонамро эҳтиром мекунам. Аммо падарам пулҳояшро бо он бероҳа сарф мекунад. Мегуфтед, ки ҳукми ин ҳарду чист?

Саволдиҳанда: Суҳроб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат зино гуноҳи кабира аст ва оқибати ногувор ва наҳсию бебаракатӣ дар пай дорад, марду зани зинокорро азоби дарднок интизор аст. Шумо дуои хайр кунед ва барои падаратон аз даргоҳи Худованд тавфиқу ҳидояти комил бихоҳед, умед аст, ки ҳидоят меёбад ва ислоҳ мешавад. Ҳамзамон аз ягон шахсе, ки падаратон ба ў ихлос ё эътимод дорад, дархост кунед, то падаратонро насиҳат кунад. 

2021-07-29
2147
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39