Савол № 02606

Номи Гулбаноз чӣ маъно дорад? Оё мондани ин ном дар Ислом дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Номи Гулбаноз чӣ маъно дорад? Оё мондани ин ном дар Ислом дуруст аст?

Саволдиҳанда:Муҳаммад

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, номи Гулбаноз аз нигоҳи таркиб нодуруст ва гузоштани он ғалат аст. Шакли дурусти он Гулноз аст. Гул маҷозан ба маънои маҳбуба, “ноз” ба маъноҳои болидан, ишваю карашма доштан, истиғно ҷустан ва инчунин ба маънои дарахти сарв меояд. Яъне маҳбубае, ки чун сарв зебо аст ё ишваю карашма дорад ва аз ёри худ истиғно ва бениёзӣ меҷўяд.

2021-11-24
1655
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43