Савол № 00262

Ба суоли № 0539 чунин посух додаед: “Агар палидӣ аз як дирҳам (3 гр) бештар бошад, бо он либос намоз хондан раво нест, аммо агар як дирҳам ё аз он камтар бошад, бо он намоз хондан раво мебошад”.

Савол:

Ба суоли № 0539 чунин посух додаед: “Агар палидӣ аз як дирҳам (3 гр) бештар бошад, бо он либос намоз хондан раво нест, аммо агар як дирҳам ё аз он камтар бошад, бо он намоз хондан раво мебошад”. Эй бесаводон! Ин ҷо дирҳам (ё дирам) воҳиди вазн нест, балки ҳаҷму масоҳатро нишон медиҳад (масалан як дирами бухороӣ тақрибан баробари як тангаи 50-дирамаи имрӯзаи мост).

Саволдиҳанда:Собир

Ҷавоб:

Хонандаи муҳтарам! Эътибори масоҳат дар наҷосати рақиқ (моеъ) ба мисли пешоб ва шароб аст. Аммо дар наҷосати ҷирмдор миқдор (яъне вазн) ба эътибор гирифта шудааст. Чунончи дар “Хулосатул-масоил” оиди ин масъала овардааст: “Наҷосати ғализа агар рақиқ бошад ва бадан ё либос ба он олуда шавад, ба андозаи каффи даст ва камтар аз ин бахшида мешавад, яъне бидуни шустан намоз ҷоиз аст, вале шустан беҳтар аст. Агар аз андозаи каффи даст бештар бошад, шустани он воҷиб аст, вале агар наҷосат ҷомид (яъне ҷирмдор) бошад, ба андозаи шаш нахӯд бахшида мешавад ва аз ин бештар бояд шуста шавад”. (“Хулосатул-масоил”, с. 97; “Шарҳи Мухтасарул-виқоя”, с. 80-81).

2016-01-13
4200
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43