Савол № 00278

Далели дамидан дар сури Исрофил (а) чист ва он чандто аст?

Савол:

Далели дамидан дар сури Исрофил (а) чист ва он чандто аст?

Ҷавоб:

Худованд мефармояд: Ва дар сур дамида шавад; пас, ҳар ки дар осмонҳо ва ҳар ки дар замин аст, бимирад, магар он, ки Худо хоста бошад. Сипас, бори дигар дар сур дамида шавад; пас, ногаҳон [бибинӣ, ки] онҳо истодаанд [ва] менигаранд. (“Зумар”; 68)

Ин оят далолат бар ин дорад, ки дамидан дар сур ду бор сурат мегирад: Яке барои ҳалоки махлуқот ва дигаре барои зинда шудани онҳо. Дар сураи “Намл” низ Худованд роҷеъ ба ин масъала хабар додааст:

“Ва он рӯз, ки дар сур дамида шавад, пас, онон, ки дар осмонҳоанд ва онон, ки дар заминанд, музтариб шаванд, магар касе Худо хостааст. Ва ҳама хор шуда, пеши Худо биёянд”. (“Намл”; 87)

2016-01-25
4463
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43