Савол № 00281

Суол аз Саттор Бобохонов ба унвони Шӯрои уламо ба воситаи ҳафтаномаи «СССР»Хатна кардани мусулмонон аз кадом сол оғоз шудааст ва аввалин каси хатнашуда кист?

Савол:

Суол аз Саттор Бобохонов ба унвони Шӯрои уламо ба воситаи ҳафтаномаи «СССР»:  Хатна кардани мусулмонон аз кадом сол оғоз шудааст ва аввалин каси хатнашуда кист?

Ҷавоб:

Аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ хатна кардан суннат аст, на воҷиб. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Панҷ чиз ҷузъи фитрат (ва равиши пайғамбарон) мебошад: хатнаи кӯдакон, тарошидани мӯйи зери ноф, кӯтоҳ намудани мӯйлаб, гирифтани нохун ва чидани мӯйи зери бағал».

Аввалин касе, ки хатна кардааст, ҳазрати Иброҳим (а) мебошад. Чунончи аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Ҳазрати Иброҳим (а) дар синни ҳаштодсолагӣ худро дар Қадум хатна карданд». Бинобар ин, ба мо дастур дода шудааст, то ки аз равиши ӯ пайравӣ кунем.

 


 

2016-02-04
3604
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38