Савол № 00309

Дар қабристоне, ки 40 ё 50 сол мешавад, ки дар он мурдаеро гур накардаанд, сохтани таҳоратхона барои масҷид ҷоиз аст ё не?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар қабристоне, ки 40 ё 50 сол мешавад, ки дар он мурдаеро гур накардаанд, сохтани таҳоратхона барои масҷид ҷоиз аст ё не?

Саволдиҳанда:Иброҳим

Ҷавоб:

Вақте, ки устухони майит пӯсида, хок гардад, хароб кардани қабраш ва бино сохтан бар он ҷоиз аст. Ҳеҷ фарқе нест, ки чӣ бино сохта шавад. Заминҳо ба эътибори пусонидан тафовут доранд. Дар заминҳои Тоҷикистон устухони майит дар муддати си то чил сол мепусад.

وأجاز الحنفية الزرع والبناء في محل قبر إذا بلي وصار ترابا

Ҳанафиҳо дар мавзеъи қабр зироат кардан ва бино сохтанро ҷоиз медонанд, вақте, ки устухонҳои майит пусида, хок гардад.

(«Ал-фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу», ҷ.2, с,528)

 

كما جاز زرعه والبناء عليه إذا بلي وصار ترابا.زيلعي.

Ҳамчуноне, ки зироат кардан ва бино сохтан дар мавзеъи қабр ҷоиз аст, устухони майит пусида, хок гардад. («Дур-рул-мухтор», ҷ.1, с.662)

2016-02-24
3365
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38