Савол № 00333

Ибодат чист ва дар кадом ҷанбаҳои ҳаёт буда метавонад?. Инчунин бигӯед, ки шохаҳои ибодат кадом аст.

Савол:

Ибодат чист ва дар кадом ҷанбаҳои ҳаёт буда метавонад?. Инчунин бигӯед, ки шохаҳои ибодат кадом аст. Илтимос бо далел ҷавоб гӯед.


 

Ҷавоб:

Худованди мутаъол дар Қуръони карим дар сураи “Бақара” фармудааст: “Эй мардум Парвардигоратонро ибодат кунед...”

Ибодат, ин номи фарогири ҳама он гуфтор ва амалҳое аст, ки Худованд онҳоро дӯст медорад ва аз онҳо розӣ мебошад. Ҳамчун намоз, закот, рӯза, ҳаҷ, рост гуфтан, адо намудани амонат, некӣ ба падару модар, пайванди хешу табор (силаи раҳм), ба аҳд вафо кардан, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кардан, ба ҳамсоя, ятим, мискин, каси дар роҳ монда некӣ ва эҳсон кардан.

Ибодат аз нигоҳи фиқҳӣ се қисм мешавад: 1. Ибодати баданӣ (намоз, рӯза...), 2. Ибодати молӣ (закот, ушр, садақаи фитр, қурбонӣ...), 3. Ибодати ҳам баданӣ ва ҳам молӣ (ҳаҷ ва умра).
 

2016-03-12
3936
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57