Савол № 00346

Домулло, илтимос мегуфтед, ки нос ва сигор таҳоратро мешиканад ё не?

Савол:

Домулло, илтимос мегуфтед, ки нос ва сигор таҳоратро мешиканад ё не?

Ҷавоб:

Нос узви инсонро карахт менамояд, ки дар натиҷа эҳтимол ё хатари баромадани бод вуҷуд дорад, аз ҳамин хотир бояд таҳорат намояд, аммо сигор таҳоратро намешиканад. Аммо истеъмол кардани онҳо макрӯҳи таҳримb мебошад. Уламои мутақаддим дар бораи онҳо чизе нагуфтаанд, зеро он ду мавод баъд аз аҳди онҳо пайдо шудаанд. Уламои мутааххир дар истеъмоли нос ва сигор ихтилофи назар доранд. Баъзе он дуро ҳаром мегӯянд, чаро ки ба узвҳои инсон зарарҳои зиёд мерасонад, ки инро тиб низ исбот намудааст ва ҳар чизе ки ба ҷисму ҷон ё рӯҳу равон зарар расонад, вобаста ба ҳаҷми зарараш макрӯҳ ё ҳаром мебошад, бо вуҷуди ин баъзе мубоҳ мегӯянд ва баъзе макрӯҳ мегӯянд. (“Фатовои Комилия”).

2016-03-28
4761
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43