Савол № 00375

Чаро мусулмонони тамоми ҷаҳон ҳар гуна намоз мехонанд, дар сурате ки як Қуръон доранд. Оё дар Қуръони карим Худованд ба як тарз хондани намоз дастур надодааст? Тарзи дурусти намозро мефаҳмондед.

Савол:

Чаро мусулмонони тамоми ҷаҳон ҳар гуна намоз мехонанд, дар сурате ки як Қуръон доранд. Оё дар Қуръони карим Худованд ба як тарз хондани намоз дастур надодааст? Тарзи дурусти намозро мефаҳмондед.


 

Ҷавоб:

Бародари  азиз, дар Қуръони карим фарзияти намоз зикр шудааст, аммо тарзи чигуна намоз хондан баён нашудааст. Қуръони карим аслан ба масоили умда (яъне аслӣ) ишора менамояд, тарзи хондани намоз аз ҷумлаи масоили ҷузъӣ маҳсуб мешавад, ки он ба ривояти ҳадисҳои набавӣ алоқа дорад. Бинобар ин, муҷтаҳидони ҳар мазҳаб мувофиқи ин ҳадисҳои ривоятшуда ва иҷтиҳодашон аз ҳадис усули хоссе тартиб додаанд, ки бар асоси он пайравонашон намозро мегузоранд. Аз ин хотир, ба оммаи мардум зарур аст, ки аз муҷтаҳид, яъне аз соҳиби мазҳаби худ пайравӣ кунанд, зеро ки мазҳаб дар тӯли садсолаҳо намозгузорон ва мусулмононро ба ҳам муттаҳид кардааст. (Китоби «Тақлид ва иҷтиҳод», саҳ. 24-25)
 

2016-04-13
3813
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57