Савол № 00384

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ, бо як машаққате ба ҳар як саволу дархости мо тибқи китоб ҷавоб мегардонед. Аллоҳ илми шуморо боз ҳам зиёдтар гардонад. Домулло, саоле дорам. Баъди анҷоми таҳорат дар ойина чеҳраи худро нигарӣ, оё таҳорат макруҳ мешавад, бояд таҳоратро аз нав кард?

Савол:

Саволдиҳанда:Нуруллоҳ.
 
Ҷавоб:

Бародари азиз, пеш аз таҳорат ё баъд аз таҳорат ба ойина нигаристан ҳеҷ боке надорад, балки боис мешавад, ки инсон симои худашро аз ҳар гуна нуқсонҳо ислоҳ кунад. Ин амал писандида буда, ҳеҷ кароҳате надорад ва аз нав таҳорат кардан ҳам лозим нест. Мавриди зикр аст, ки дар вақти нигаристан ба ойина ин дуо хонда мешавад:

« الحمد لله ، اللهم كما أحسنت خلقي ، فأحسن خلقي »

“Алҳамду лиллоҳ, Худоё, ҳамон гуна хилқати маро некӯ офаридӣ, ахлоқи маро низ некӯ гардон”. (Байҳақӣ).

2016-04-15
4340
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43