Савол № 00533

Домуллои муҳтарам илтимос мегуфтед, ки чанд намуди ҳаҷ ҳаст ва кадом намудаш фазилати бештар дорад?

Савол:

Домуллои муҳтарам илтимос мегуфтед, ки чанд намуди ҳаҷ ҳаст ва кадом намудаш фазилати бештар дорад?

Саволдиҳанда:Саид

Ҷавоб:

Ассалому алайкум бародари азиз, ҳаҷ се намуд мешавад: Ифрод, таматтуъ ва қирон. Аз миқотҷо танҳо барои ҳаҷ ба эҳром даромада, то тамом шудани ҳаҷ дар ҳолати эҳром монанд, онро ҳаҷҷи ифрод мегўянд. Агар аз миқотҷо танҳо барои умра ба эҳром даромада, ҳаҷро ба охир расонанд, онро ҳаҷҷи таматтуъ ва агар аз миқотҷо ҳам барои умра ва ҳам барои ҳаҷ ният карда, ба эҳром дароянд ва то тамом шудани ҳаҷ дар ҳолати эҳром монанд, онро ҳаҷҷи қирон меноманд. Ҳар яке аз ин навъҳои ҳаҷ фазилати ба худ хос дорад. Аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳаҷҷи аз ҳама бофазилат ҳаҷҷи қирон аст. Аз дидгоҳи мазҳаби шофеӣ ҳаҷҷи ифрод фазилати бештар дорад.

2016-07-20
5351
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42