Савол № 00537

Гӯшти гове, ки дар магазинҳои Россия фурӯхта мешавад, ман онро намедонам, ки чи гуна забҳ карда шудааст, хӯрданаш дуруст аст ё не ?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, дуруди Худованд бар Шумо, саволи ман чунин аст. Гӯшти гове, ки дар магазинҳои Россия фурӯхта мешавад, ман онро намедонам, ки чи гуна забҳ карда шудааст, хӯрданаш дуруст аст ё не ? Бо эҳтиром, бародари исломии Шумо аз Россия

Саволдиҳанда:Заробиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, гуштҳое, ки дар магазинҳои Россия фурӯхта мешаванд, уламои Ислом ба се шарт истеъмоли онро ҷоиз донистаанд. 1. Забҳи онҳо ба тариқаи исломӣ бошад. 2. Зимни куштани мол воқеъан номи “Аллоҳ” гуфта шуда бошад. 3. Забҳкунанда аҳли китоби воқеъӣ бошад. Дар ғайри ин суратҳо истеъмоли ин гуна гуштҳо дуруст нест. Тавсияи мо чунин аст, ки агар ба ҳалол будани онҳо итминон дошта бошед, истеъмол кунед, боке надорад, аммо дар ҳалол будани он шубҳа дошта бошед, аз истеъмоли ин гуна гуштҳо худдорӣ кунед, беҳтар аст.

2016-07-27
3413
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38