Савол № 00541

Бо ҳамсарам ҷанг кардам ва дар сари қаҳрам як талоқ кардам. Оё ривоят дорад ва дар Маркази исломӣ Шумо никоҳ мекунед? Илтимос мекунам ба саволам ҷавоб гардонед, бисёр ғамгинам, раҳмати Худо бар Шумо бод.

Савол:

Ассалому алайкум. Бо ҳамсарам ҷанг кардам ва дар сари қаҳрам як талоқ кардам. Оё ривоят дорад ва дар Маркази исломӣ Шумо никоҳ мекунед? Илтимос мекунам ба саволам ҷавоб гардонед, бисёр ғамгинам, раҳмати Худо бар Шумо бод.

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо ҳамсаратонро як талоқи раҷъӣ дода бошед ва иддаи ӯ ҳануз сипарӣ нашуда бошад, яъне се узри шаръӣ надида бошад, пас дар ин сурат метавонед дар ба ҳасаратон руҷӯъ кунед ва зиндагиатонро идома диҳед. Вале агар як талоқи боин карда бошед, бояд дар ҳузури ду шоҳид таҷдиди никоҳ куне два ба ҳамсаратон маҳр бипардозед. Аз сабаби он ки масъалаи талоқ печ дар печ аст, ба шумо тавсия медиҳем, ки ба Раёсати фатвои Маркази исломӣ муроҷиат кунед, иншоаллоҳ қазияи хонаводагии шумо тибқи мазҳаби ҳанафӣ ҳаллу фасл мегардад.

2016-07-28
4808
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55