Савол № 00640

Агар шахсе донад, ки Аллоҳи меҳрубон бар мо бандагон шаробро ҳаром гардонидааст, боз бинӯшад ва аз ин кор парвое надорад, дар ин ҳолат занаш талоқ мешавад ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар шахсе донад, ки Аллоҳи меҳрубон бар мо бандагон шаробро ҳаром гардонидааст, боз бинӯшад ва аз ин кор парвое надорад, дар ин ҳолат занаш талоқ мешавад ё на?

Саволдиҳанда:Шариф.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шаробро ҳаром дониста бинӯшад, гунаҳкори азим мешавад, агар онро ҳалол донад ва бинӯшад, аз доираи Ислом хориҷ мешавад ва никоҳаш ботил мегардад, зеро Худовандро дурӯѓгӯ шумурдааст. Худованд дар сураи “Моида” фармудааст: “Эй мӯъминон, ҷуз ин нест, ки хамр (яъне шароб) ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори Шайтон аст; пас, аз вай дурӣ кунед, то бувад ки растагор шавед”. (Сураи “Моида”, ояти 90).

2016-10-13
3464
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:27
Шом17:24
Хуфтан18:54