Савол № 00641

Домуллои азиз, ман ба занам каме ҷанҷол кардам, ӯ гуфт, ки талоқамро деҳ. Лекин ман ба ӯ “сарат додам” гуфтам. Ин чӣ мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз, ман ба занам каме ҷанҷол кардам, ӯ гуфт, ки талоқамро деҳ. Лекин ман ба ӯ “сарат додам” гуфтам. Ин чӣ мешавад?

Саволдиҳанда:Иззатулло.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар масъалае, ки шумо баён кардаед, ҳамсаратон як талоқи боин шудааст. Агар ин воқеа дар муддати зиндагиатон бори аввал рух дода бошад,  бояд дар ҳузури ду шоҳид аз нав никоҳ кунед, сипас метавонед зиндагии худро идома диҳед. Хотиррасон бояд кард, ки масъалаи талоқ паҳлуҳои гуногун ва печида дошта, тафсилоти бештарро талаб мекунад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки барои огоҳӣ аз тафсилоти бештар оиди ин масъала ва ҳосил шудани ҷавоби дақиқу саҳеҳ ба Раёсати фатво муроҷиат мекардед.

2016-10-13
3802
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:27
Шом17:24
Хуфтан18:54