Савол № 00645

Ассалому алейкум, ое никоҳи равияи шиа ҳалол ҳисобида намешавад?

Савол:

Ассалому алейкум, ое никоҳи равияи шиа ҳалол ҳисобида намешавад?

Саволдиҳанда:Шукрия

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз дар байни аҳли ташайюъ фирқаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҳар кадоми онҳо дорои ақидаҳои гуногун ҳастанд. Тибқи мазҳаби ҳанафӣ бо шиъаёне, ки Ҳазрати Алӣ (р)-ро Худо медонанд, ва хилофати Ҳазрати Алӣ (р)-ро аз хилофати Ҳазрати Абӯбакр, Умар ва Усмон (р) беҳтар медонанд, инчунин Ҳазрати Оишаро тӯҳмати ба зино мекунанд, никоҳи сунниҳо манъ аст. Аммо бо шиаъёне, ки ба ин гурӯҳҳо мансуб набошанд, никоҳашон бо аҳли суннат ҷоиз аст.

2016-10-14
4643
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42