Савол № 00683

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ муфтии муҳтарам касе бигӯяд, ки аз кадом роҳе набошад агар шифо ёбӣ, боке надорад ба монанди кӯрхат кардан ё ҷодугари ва ғайра. Он шахс ба ин корҳо бениҳоят боварӣ дорад ва худ ҳамин корҳоро мекунад. Хоҳиш мекунам аз назари шариъати Ислом ҳукми ин гуна ашхосро баён кунед?!

Савол:

Саволдиҳанда:Абдуссалом

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шифо ба изни Худованд танҳо дар ашёҳои ҳалол аст, аммо кӯрхат кардан барои ашёи гумшуда маъмул аст.  Ҷодугарӣ ва ба назди ҷодугар ё фолбин рафтан қатъиян мамнуъ аст ва касоне, ки муртакиби ин амал мешаванд, гунаҳгор ва аз дин хориҷ мешаванд, инчунин барояшон таҷдиди никоҳ лозим меояд. (Маъхаз: «Мирқот» шарҳи «Мишкот»)

2016-11-17
3107
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38