Савол № 00071

Агар пулу мол аз роҳи ҳаром бошад ҳам аз он закот адо менамояд?

Савол:

Агар пулу мол аз роҳи ҳаром бошад ҳам аз он закот адо менамояд?

Саволдиҳанда:Баҳром

 

Ҷавоб:

Агар пулу мол пурра ҳаром бошад, дар он закот воҷиб намешавад. Аз нигоҳи Имоми Аъзам (р) агар моли ҳаром бо ҳалол омехта шуда бошад, дар ин сурат агар моли ҳалол ба нисоб расида бошад, дар он закот воҷиб мешавад, вагарна закот воҷиб нест. Аммо моли ҳаромро бояд ба соҳибаш баргардонад. Агар соҳибаш маълум набошад, онро ба муҳтоҷон бе нияти савоб садақа кунад. (“Раддул муҳтор”, ҷ.2, с.291).

2015-04-01
4553
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44