Савол № 00711

дар бораи намози дили шаб, яъне намози таҳаҷҷуд, ният ва адади ракъатҳои он маълумоти пурра медодед. Оё азону иқомат, тасбеҳ ва тиловат кардан дар он лозим аст? Кадом сураҳо хонда мешавад?

Савол:

Домуллои гиромӣ, дар бораи намози дили шаб, яъне намози таҳаҷҷуд, ният ва адади ракъатҳои он маълумоти пурра медодед. Оё азону иқомат, тасбеҳ ва тиловат кардан дар он лозим аст? Кадом сураҳо хонда мешавад? Қаблан ташаккур.

Саволдиҳанда:Абдуҳамид.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, таҳаҷҷуд ба маънои аз хоб бархостан аст. Аз ин лиҳоз намози таҳаҷҷуд бояд аз хоб бархоста хонда шавад. Яъне баъди намози хуфтан мехобад, сипас дар дили шаб аз хоб бархоста, баъди таҳорат аз 4 ракъат то 12 ракъат намоз мегузорад. Дар намози таҳаҷҷуд азону иқомат вуҷуд надорад ва сураи хоссе ҳам дар он хонда намешавад. Намози таҳаҷҷудро ба нияти нафл адо мекунад ва мисли намозҳои маъмулӣ мегузорад, хоҳ 2-ракъатӣ ният кунад, хоҳ 4-ракъатӣ, аммо 2-ракъатӣ авло мебошад. Пас аз адои таҳаҷҷуд тасбеҳу тиловат кардан амри ҳатмӣ нест, метавонад ба дуо иктифо кунад ва ё тиловати Қуръон анҷом диҳад.

2016-12-14
49826
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56