Савол № 00745

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам ва гиромӣ. Оиди наздик будан ё набудани қиёмат чизе мегуфтед.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам ва гиромӣ. Оиди наздик будан ё набудани қиёмат чизе мегуфтед.

Саволдиҳанда:Иброҳим.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, илми барпо шудани қиёмат аз ҷумлаи ғайби мутлақ аст, яъне ғайр аз Худованд дигар ҳеҷ кас онро намедонад. Дар ҳадисе омадааст, ки Ҷабраил (а) ба сурати марде омада, аз Расули Худо (с)  чанд суол кард ва дар охир пурсид: “... Маро аз омадани рӯзи қи­ёмат хабар деҳ!” Он Ҳазрат (с) гуфт: «Дар ин бора ҷавобдиҳанда аз суолдиҳанда донотар нест». Яъне ман ҳам чун ту илми барпошавии қиёматро намедонам. Фарди мӯъмин бояд дар ҳама ҳолат некӯкор ва боибодат бошад, ҳеҷ хатар ва газанде ба ӯ нахоҳад расид. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.

2016-12-24
4351
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42