Савол № 00779

Домуллои азиз, лутфан мегуфтед, ки маънои номи “Парвиз” чист?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, лутфан мегуфтед, ки маънои номи “Парвиз” чист? Зеро мегӯянд, ки маънои хуб надорад, иваз кардани номат беҳтар аст. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки маслиҳат медодед. Бо эҳтиром,

Саволдиҳанда:Парвиз.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, Парвиз ба забони паҳлавӣ моҳиро мегӯянд ва ба маънои азиз ва арҷманд низ маънидод шудааст. Ҳамчунин маънои дигари он ғирболе аст, ки бо он шакар мебезанд. (“Ғиёс-ул-луғот”, ҷ.1, с.162). Хулосаи калом, Парвиз номи қадимаи тоҷикон мебошад ва маънои он ба усули шариат мухолиф нест, аз ин рӯ, иваз кардани он зарурат надорад. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.

2017-01-08
5905
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38