Савол № 00783

Агар шахсе занашро се талоқ кунад, боз гирад, мешавад?

Савол:

Агар шахсе занашро се талоқ кунад, боз гирад, мешавад?

Саволдиҳанда:Фарҳод.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, касе, ки ҳамсарашро се талоқ кунад, аз нигоҳи чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат се талоқ воқеъ шуда, ҳамсараш бар ӯ ҳаром мегардад ва дигар наметавонад, ки бо ӯ якҷоя зиндагиро идома диҳад. Магар ин ки пас аз гузаштани идда ҳамсараш шавҳари дигар карда, бо ӯ зиндагӣ кунад. Агар фаразан шавҳари дувумаш бимирад ё ӯро талоқ диҳад, пас дар ин ҳолат баъд аз гузаштани иддаи марг (чор моҳу даҳ рӯз) ё иддаи талоқ (се ҳайз ё се моҳ) метавонад, ки бо ҳамсари аввалинаш издивоҷ намояд.

2017-01-11
3481
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:26
Шом17:23
Хуфтан18:53