Савол № 00802

Дар бораи қавма ва ҷалса дар намоз маълумоти муфассал диҳед.

Савол:

Салом. Дар бораи қавма ва ҷалса дар намоз маълумоти муфассал диҳед.

Саволдиҳанда: Шукриддин.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз,  қавма ва ҷалса аз ҷумлаи воҷиботи намоз ба шумор мераванд. Фарқ намекунад, ки намоз фарз аст ё воҷиб, суннат ё нафл. Маънои қавма‌ бархостан‌ аз рукуъ‌ ва комилан рост истодан ва маънои ҷалса комилан нишастан дар миёни‌ ҳар ду саҷда аст. Бояд тазаккур дод, ки дар қавма ва ҷалса ба андозаи як тасбеҳ ором гирифтан низ воҷиб аст. Агарчи ба тарки он саҷдаи саҳв воҷиб намешавад, вале риоя накардани он ба намоз нуқсон ворид мекунад ва онро коста мегардонад. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Худованд ба намози марде, ки қомати худро дар миёни рукуъ ва суҷудаш рост намекунад, назар намекунад”. (Ривояти Аҳмад). 

2017-01-17
3313
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:47
Пешин12:40
Аср17:28
Шом19:27
Хуфтан20:58