Савол № 00837

Мегуфтед, ки шахсе дуои қунутро надонаду намози витрро хонад, оё ба ҷои ин дуо метавонад панҷ бор сураи ,,Ихлос"-ро хонад? Илтимос, саҳеҳтар фаҳмонед. Иншоаллоҳ ин дуоро ба зудӣ аз бар хоҳад кард.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Мегуфтед, ки шахсе дуои қунутро надонаду намози витрро хонад, оё ба ҷои ин дуо метавонад панҷ бор сураи ,,Ихлос"-ро хонад? Илтимос, саҳеҳтар фаҳмонед. Иншоаллоҳ ин дуоро ба зудӣ аз бар хоҳад кард. Дар ҳаққамон дуои хайр кунед!

Саволдиҳанда: Шоҳҳусайн.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо метавонед, ки то вақти аз бар карданатон ба ҷои дуои қунут як бор ояти “Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор”-ро бихонед ё ки се бор “Аллоҳуммағфир лӣ” бигӯед. Вале саъйу кӯшиш кунед, ки ҳарчи зудтар дуои қунутро ёд гиред. Худованд ба шумо илми нофеъ ато фармояд. (“Фиқҳи муяссар”, с. 126-127)

2017-01-31
3503
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56