Савол № 00850

Намозҳои қазоии гузаштаро чӣ тавр хондан мумкин аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Намозҳои қазоии гузаштаро чӣ тавр хондан мумкин аст?

Саволдиҳанда: Нуриддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, равиши гузоридани намозҳои қазоӣ низ монанди гузоридани намозҳои вақтӣ аст. Дар намози қазоӣ азону иқомат мегӯяд ва чунин ният мекунад: “Ният кардам бигузорам ду ракъат намози қазоии бомдоди аввалин, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар”. Сипас намозашро монанди намозӣ вақтӣ ба ҷо меорад. Агар хоҳад, ки панҷ вақт намози қазоиро ба ҷо орад, барои намози аввалин азону иқомат мегӯяд ва дар намозҳои боқимонда танҳо ба гуфтани иқомат иктифо мекунад ва ба ҳамин минвол ҳамаи намозҳояшро ба ҷо меорад.

2017-02-02
3696
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56