Савол № 00858

Домуллои азиз, як бародари мо дар Русия таҳсил мекунад. Ӯ намоз намехонад ва ба зино даст мезад. Вале бо хости Худо дар бораи дин каме маълумот пайдо карда, пушаймон шудааст. Лутфан мегуфтед, ки ӯ бояд чигуна тавба кунад.

Савол:

Ассалому алайкум. Домуллои азиз, як бародари мо дар Русия таҳсил мекунад. Ӯ намоз намехонад ва ба зино даст мезад. Вале бо хости Худо дар бораи дин каме маълумот пайдо карда, пушаймон шудааст. Лутфан мегуфтед, ки ӯ бояд чигуна тавба кунад.

Саволдиҳанда: Яъқуб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пушаймонӣ роҳи аслӣ ба сӯи тавба аст. Тавбаи инсон вақте дуруст мешавад, ки ҳамаи шартҳои он ба ҷо оварда шавад. Яъне аз гуноҳи худ комилан пушаймон гардад, аз гуноҳ даст кашад ва тасмими қатъӣ гирад, ки ҳаргиз дигар он гуноҳро такрор накунад. Агар ин шартҳо риоя карда шаванд, умед аст, ки Худованд тавбаи ӯро бипазирад. Дар ҳадиси шариф Расули акрам (с) фармудаанд: “Тавбакунанда аз гуноҳ ба мисли ин аст, ки ҳаргиз гуноҳе накардааст”. Худованд он бародари шуморо, ки аз гуноҳонаш пушаймон шудааст, тавфиқи тавба ато намояд ва ба роҳи рост ҳидоят фармояд.

2017-02-10
2932
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38