Савол № 00867

Домуллои азиз, хоҷагиҳои деҳқонӣ аз заминҳои кишти ғалладона ба давлат андози иҷтимоӣ ва дигар намуди андозҳо, инчунин пули хидмати обро пардохт менамоянд. Миқдори ушри ин заминҳо чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?

Савол:

Саволдиҳанда: Парвиз

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар сурати мазкур аз сабаби он ки шумо дар обёрии зироат ва ҷамъоварии ҳосил машаққати зиёдеро таҳаммул мекунед, аз ин рӯ, бар шумо нисфи ушр лозим мегардад, яъне аз 20 ҳиссаи ҳосил 1 ҳиссаи онро мепардозед, зеро он ҳаққи камбағалон ва фақирон аст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 32-34)  

2017-02-11
4922
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43