Савол № 00872

Оё мумкин аст, ки рӯзҳои ҷумъа аз сабаби ба кор дер накардан баъд аз хондани суннати пас аз фарз бе дуо ва тасбеҳ баромада равем?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Чаро дар масҷидҳо баъд аз намози шом тасбеҳ нахонда, бо як дуо намозро ҷамъбаст мекунанд, вале баъд аз дигар намозҳо се-чор дуо мекунанд. Ҳукми тасбеҳ хондан баъд аз намоз чист? Оё мумкин аст, ки рӯзҳои ҷумъа аз сабаби ба кор дер накардан баъд аз хондани суннати пас аз фарз бе дуо ва тасбеҳ баромада равем?

Саволдиҳанда: Аҳмад

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ҳукми тасбеҳ гуфтан аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ пас аз панҷ намоз суннат аст. Аммо дар урфи мардуми мо дуо кардан пас аз намози шом бидуни тасбеҳ меъмул шудааст. Албатта  агар тасбеҳ гуфта, пасон дуо карда шавад, ин ҳам тибқи суннат аст ва халале эҷод намекунад. Рӯзи ҷумъа рӯзи иҷобати дуо ва вақти нузули хайру баракат мебошад ва он қадар вақтро ҳам намегирад, инчунин аз байни мардум бархоста рафтан хилофи одоб ва сабаби озурдахотирии намозгузорон мегардад, бинобар ин, сабр кардан хуб аст.

2017-02-14
3532
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56