Савол № 00896

Оиди хутбаи намози ҷумъа маълумоти муфассал медодед. Дар намози ҷумъа имом хутбаи аввалро бо забони арабӣ мехонад, аммо баъд аз бархостан бо забони тоҷикӣ шеърҳоро монанди суруд карда мехонад, оё ин амал дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Ду суол дорам: 1. Оиди хутбаи намози ҷумъа маълумоти муфассал медодед. 2. Дар намози ҷумъа имом хутбаи аввалро бо забони арабӣ мехонад, аммо баъд аз бархостан бо забони тоҷикӣ шеърҳоро монанди суруд карда мехонад, оё ин амал дуруст аст? Ташаккур.

Саволдиҳанда: Султон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ хутба хондан дар намози ҷумъа фарз аст ва дар он дувоздаҳ суннат аст. Аз ҷумла, пок будан, истода хутба хондан, ду хутба хондан, ҳар ду хутбаро бо забони арабӣ хондан ва ғайра. Бо тарки суннат намоз фосид намешавад, вале савоби он коста мегардад. 2. Чунонки баён кардем, суннати хутба ин аст, ки бо забони арабӣ хонда шавад ва он равиши хосси хондан дорад, аз ин рӯ, ба ҷои он хондани шеър бо оҳанг хилофи мазҳаби ҳанафӣ буда, бо рӯҳи ибодат тазод дорад.  (“Хулосатул-масоил”, ҷ. 1, с. 92-93)

2017-02-21
4291
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56