Савол № 00920

Ҷавоне зан мегираду баъд аз якчанд рӯз бо дӯстонаш вохӯрда, бо онҳо ҳазлу шӯхӣ мекунад ва ин ҳазлу шӯхӣ то ҳадде мерасад, ки ин шаҳбача ба яке аз дӯстонаш мегӯяд: “Агар ман ӯро (занашро) сар ё ҷавобашро диҳам, маро оиладор мекунӣ?

Савол:

Ассалому алайкум. Ҷавоне зан мегираду баъд аз якчанд рӯз бо дӯстонаш вохӯрда, бо онҳо ҳазлу шӯхӣ мекунад ва ин ҳазлу шӯхӣ то ҳадде мерасад, ки ин шаҳбача ба яке аз дӯстонаш мегӯяд: “Агар ман ӯро (занашро) сар ё ҷавобашро диҳам, маро оиладор мекунӣ?” Дӯсташ дар ҷавоб мегӯяд, ки бале! Оё талоқ воқеъ шудааст ё на? Агар шуда бошад, никоҳашон фосид шудааст ва аз нав никоҳ мекунанд?

Саволдиҳанда Диловаршоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, масоили хонаводагӣ аз масоили арзишманди инсон аст ва шахси оқилу бофаросат набояд асрори оилавии худро дар байни ёру дӯстонаш ошкор созад. Он чи ин ҷавон бо рафиқаш бо ҳазлу шӯхӣ анҷом додааст, дар никоҳаш халале ворид накардааст. Вале набояд, ки ин ҷавон ба тақдири худ ва ҳамсараш бозӣ кунад, зеро дар шариат се чиз аст, ки шӯхиаш ҷиддӣ ва ҷиддиаш низ ҷиддӣ аст: Никоҳ, талоқ ва атоқ (озод кардани барда).

2017-03-01
3787
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:23
Шом17:21
Хуфтан18:51