Савол № 00928

Пеш аз никоҳ бо ҳамсари худ гаштан, бӯса кардан ва оғӯш гирифтан мумкин аст ё на?

Савол:

Суол: Ассалому алайкум. Пеш аз никоҳ бо ҳамсари худ гаштан, бӯса кардан ва оғӯш гирифтан мумкин аст ё на? Маслиҳат ва насиҳатҳои Шумо дар ин маврид чист? Раҳмат.

Саволдиҳанда: Абубакр

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тақрибан ҳама медонад, ки аз нигоҳи дини мубини Ислом бо зани номаҳрам хилват кардан ва бӯсаву оғӯш гирифтани ӯ ҳаром аст. Чунки Худованд бандагонашро аз роҳҳо ва ангезаҳои зино барҳазар дошта мефармояд: «Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва шевае нописанд аст!» (Сураи «Исро», ояти 32). Албатта агар шумо он занро ҳамсари ояндаи худ интихоб кардан мехоҳед, аз нигоҳи шариат фақат метавонед, ки ӯро як бор бубинед ва он ҳам дар хилват набошад. Худованд ба шумо тавфиқи тоат ва парҳез аз маъсият ато фармояд.

2017-03-06
3270
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38