Савол № 00995

Маънои номи Садам ва Эҳромро мегуфтед.

Савол:

Домуллои муҳтарам, маънои номи Садам ва Эҳромро мегуфтед.

Саволдиҳанда: Садам

Ҷавоб:

Ассалому алайкум Бародари азиз, калимаи “садам” (бо ҳарфи “син”) дар луғат ба маъноҳои пушаймонӣ, андӯҳ, оби резон ва шутури нари пуршаҳват омадааст. Гумони ғолиб ин аст, ки номи Садам шакли вайроншудаи Саддом бошад, ки аз решаи “садм” (бо ҳарфи “сод”) гирифта шуда, маънои задан ва кӯфтанро ифода мекунад. Дар ин сурат маънои Саддом бисёр зананда ва кӯбанда мебошад. Калимаи “эҳром” бошад, ба маънои ҳаром гардонидани чизи мубоҳ меояд, ҳамчунин ду порча матоъи сафедро, ки ҳоҷиён ҳангоми шуруъи ҳаҷ ба тан мекунанд, эҳром меноманд. Агарчи дар урфи мардуми мо исми Эҳром ба ҳайси ном маъмул шудааст, вале дар фарҳанги номгузорӣ ҳамчун ном ворид нашудааст. 

2017-03-31
3275
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:32
Шом17:29
Хуфтан18:59