Главная Статьи

Статьи

ИДИ ҚУРБОН ТАҶАССУМГАРИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА БА ДАСТОВАРИИ РИЗОЯТИ ХУДОВАНД.

Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон саршор аз меҳру саховат ва ҳимматбаландии мардуми мусулмон (чи марду чи зан) мебошад. Пинҳон нест, ки маънӣ ва фалсафаи бузурги иди Қурбон ба қадри якдигар расидан ва боҳамдигар наздик шудан маҳсуб гардида, ин рўз мусулмонон барои хушнудии Худованд қурбонӣ мекунанд ва тавре Расули акрам (с) фармудаанд: «Бузургтарин айём назди Парвардигор рўзи қурбонӣ аст»

2022-07-06
2152
ИДИ ҚУРБОН ВА ҶОЙГОҲИ ҚУРБОНӢ

Иди саиди Фитр ва иди Қурбон дар баробари дигар санаҳои муҳими таърихии ҳаёти кишвар ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Ин худ нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих, фарҳанги мардумӣ ва маросимҳои марбут ба дини мубини Ислом мебошад. Тибқи таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам дар иди Қурбон то се рўз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Аснои қурбонӣ кардан шахс метавонад гўшти қурбониро ҳам худаш бихўрад ва ҳам ба хешону ҳамсоягонаш миқдоре аз онро бидиҳад.

2022-07-06
2274
ФАЗИЛАТ ВА ҶОЙГОҲИ ДАҲАИ МОҲИ  МУБОРАКИ ЗУЛҲИҶҶА

Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – мефармояд: «қасам ба сапедадам ва қасам ба шабҳои даҳгона». (сураи «Фаҷр», ояти 1-2). Ибни Касир дар тафсири худ мегўяд: «Манзур аз ин даҳ шаб даҳаи Зулҳиҷҷа аст, ҳамон тавре ки Ибни Аббос (р), Ибни Зубайр (р), Муҷоҳид ва дигарон гуфтаанд. (Ривояти Бухорӣ). Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – мефармояд: «Ва номи Аллоҳро ёд кунанд дар рўзҳои мушаххас». (Сураи «Ҳаҷ», ояти 28). Ибни Аббос (р) дар тафсири худ мегўяд: «Яъне рўзҳои даҳгонаи Зулҳиҷҷа». (Тафсири Ибни Касир).

2022-07-06
1802
РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ НИЗОЪҲО ДАР ОИЛА

Инсон дар зиндагии худ бо сабру мулоҳиза ва тамкину таҳаммул метавонад тамоми мушкилотро паси сар намояд. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд хашму ғазаби худро фурў бурда, дар ҳалли мушкилоти мављуда аз ақли солим истифода намояд. Барои муҳайё намудани фазои солими хонавода муносибати некбинона, ахлоқи ҳамида, рафтору гуфтори нек, якдигарфаҳмӣ ва меҳрубонии байни зану шавҳар хеле муҳим аст.

2022-06-09
2782
ДУРЎҒ ОДАМИРО КУНАД БЕФУРЎҒ

Дурўғ он аст, ки инсон каломи хилофи ҳақиқат ва воқеъиятро бар забон биронад. Дурўғ яке аз нишонаҳои нифоқ ва дурўягӣ аст. Паёмбар (с) фармудаанд: Нишонаи мунофиқ се чиз аст: Чун сухан бигўяд, дурўғ гўяд ва чун ваъда диҳад, хилоф кунад ва чун амонат дода шавад, хиёнат кунад».

2022-06-09
3340
ФУРӮ НИШОНДАНИ ҒАЗАБ ВА БАХШОИШ

Марде назди Расули акрам (с) омада гуфт: “-Ё Расуллаллоҳ, маро васияте кун ба коре, ки чун он кор кунам, аз оташи дӯзах халос ёбам?”. Расули акрам (с) гуфтанд, ки дар ғазаб машав. Он мард борҳо мегуфт: “– Ё Расулаллох (с), маро васият кун”. Расули акрам (с) ҳамин мегуфт, ки ғазаб макун. Маро коре биёмӯз, ки бад-он ба биҳишт равам.

2022-06-09
2163
Время намаза в Душанбе

12.07.2026

Подробнее
Фаджр03:35
Зухр12:40
Аср18:00
Магриб20:01
Иша21:30
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Подробнее